Ru  | Tj
Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирони тоҷик хондани китоби “Таърихи Русия”-ро тавсия дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирони тоҷик хондани китоби “Таърихи Русия”-ро тавсия дод
Акс: ASIA-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирони тоҷик хондани китоби “Таърихи Русия”-ро тавсия дод

Нашр шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия китоберо дар бобати таърихи Русия ба нашр расондаву ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки онро мутолиа намоянд.

Ба иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, китоби “Таърихи Русия” аз ҷониби Зафар Саидов, доктори илмҳои таърих ва консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург навишта шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин китоб дар бобати таърихи русҳо ва раванди ташаккулёбии давлатдории Русия, ҳамчунин расму оин ва маданияту фарҳанги халқи рус ба таври мухтасар ба хонандагон маълумот пешниҳод гардидааст.

Намояндагӣ мутолиаи ин китобро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият менамоянд, тавсия додаву афзудааст, ки он дар сомонаи “somb.ru” дар шакли электронӣ барои ҳамагон дастрас мебошад.

Зафар Саидов қаблан ҳамчун сухангӯи Президент ва мушовири калони Сарвари давлат оид ба робитаҳои хориҷӣ кор кардааст. Аз соли 2020 консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия мебошад.

Пешниҳоди мутолиаи китоби “Таърихи Русия” ба муҳоҷирон меҳнатӣ дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар борҳо гуфтаанд аксари муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, аз таърих ва урфу оинҳои ин кишвар хабар надоранд.


Русия муҳоҷирони тоҷикро бо пардохти хароҷот ва музди меҳнати баланд ба кор даъват мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед