Ru  | Tj
Намояндагони Толибон* дар нишасти сеюми Давҳа ширкат мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндагони Толибон* дар нишасти сеюми Давҳа ширкат мекунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Намояндагони Толибон* дар нишасти сеюми Давҳа ширкат мекунанд

Нашр шуд

Толибон* ширкат дар нишасти сеюми Давҳаро ба нафъи Афғонистон медонанд ва таркиби ҳайати худро баъдан эълон хоҳанд кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* мегӯяд, намояндагони ин гурӯҳ дар севуми нишасти намояндагони вижаи кишварҳо дар умури Афғонистон, ки аз сӯи дабири кулли Созмони Милал дар Давҳаи Қатар баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Муҷоҳид  рӯзи 16 июн ба телевизиони хусусии "ТOLONews" гуфт, ки ин гурӯҳ дастури нишасти саввуми Доҳаро баррасӣ ва сипас тасмим гирифт, ки ба ин нишаст як ҳайатеро бифиристад.

Сухангӯи Толибон* гуфт, онҳо ширкат дар нишасти сеюми Давҳаро ба нафъи Афғонистон медонанд ва таркиби ҳайати худро баъдан эълон хоҳанд кард.

Вай афзуд, ки дар ин нишаст масоили башардӯстона ва эҷоди замина барои сармоягузорон аз масоили муҳим ва бунёдӣ ҳастанд, ки матраҳ мешаванд.

Қарор аст, ки рӯзҳои 30 июн ва 1 июл дар Давҳаи Қатар нишасти сеюми намояндагони вижаи кишварҳо дар умури Афғонистон бо мизбонии Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор шавад.

Розмари ДиКарло, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури сиёсӣ ва сулҳ дар авохири моҳи гузашта дар ҷараёни боздидаш аз Кобул,  аз Толибон* барои ширкат дар ин нишаст даъват кард.

Хонум ДиКарло дар дидори худ бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон* гуфт, дар нишасти сеюми Давҳа, масоили молӣ ва бонкӣ, мубориза бо маводи мухаддир, тағйири иқлим ва таъсири он ба Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Созмони Милали Муттаҳид тақозоҳои Толибон* барои ширкат дар нишасти сеюми Давҳаро пазируфтааст ё на.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон* барои ширкат дар нишасти дуввуми Давҳа даъват шуда буд, аммо аз ширкат дар он сарпечӣ кард, зеро талабҳояш аз сӯи Созмони Милал пазируфта нашуд.

Дар ҳамин ҳол даъвати Толибон* барои ширкат дар нишасти сеюми Давҳа бо вокунишҳо ва интиқодот ба ҳамроҳ аст.

Шуморе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҷунбиши эътирозии занон дар вокунишҳои худ гуфтаанд, ки ҳар нишасте, ки бо ҳузури Толибон* баргузор мешавад, "мардуд" аст.


*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!

https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед