Ru  | Tj
Намояндаи нави ВКД Русия ба Тоҷикистон омад ва бо Раҳимзода дидор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи нави ВКД Русия ба Тоҷикистон омад ва бо Раҳимзода дидор кард
Акс: Sputnik

Намояндаи нави ВКД Русия ба Тоҷикистон омад ва бо Раҳимзода дидор кард

Нашр шуд

Рамазон Раҳимзода бо роҳбари тозамансуби намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе мулоқот ва масоили тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбари ин ниҳод Рамазон Раҳимзода 18-уми декабр бо Алексей Егоров, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар ин мулоқот масоили тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ кардаанд.

Вазорат меафзояд, масъалаи мубодилаи иттилооти фаврӣ миёни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ва пешгириву мубориза алайҳи бартарафсозии ҷинояткории фаромиллии муташаккил аз дигар меҳварҳои аслии ин мулоқот буд.

Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон аслан дар самти муҳоҷират фаъолият дорад. То соли 2016 ин ниҳод Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федаратсияи Русия дар Тоҷикистон ном дошт. Соли 2016 бо судури як фармони Владимир Путин, Президенти Русия ин намояндагӣ тағйири сохт кард ва ба Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон (дар масъалаҳои муҳоҷират) табдил ёфт.

Ба иттилои Сафорати Русия, 15 ҳамин гуна намоядагӣ ҳанӯз соли 1995 дар кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин ташкил шуда буданд.

Дар Тоҷикистон бисёре аз мардум тариқи барномаи давлатии Русия “Добровольное переселение” мехоҳанд барои кору иқомат ба ин кишвар сафар кунанд ва Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон ин масъаларо танзим менамояд.

Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед