Ru  | Tj
Намояндаи Русия гуфт, ки дар Афғонистон 20 сохтори террористӣ фаъолият дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Русия гуфт, ки дар Афғонистон 20 сохтори террористӣ фаъолият дорад
Акс: Интернет

Намояндаи Русия гуфт, ки дар Афғонистон 20 сохтори террористӣ фаъолият дорад

Нашр шуд

Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки айни замон дар Афғонистон беш аз 20 созмону гурӯҳҳои террористӣ фаъолият доранд. 

Ба гузориши Sputnik, Николай Патрушев дирӯз ин матлабро пас аз анҷоми нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар Ҳиндустон дар суҳат ба хабарнигорон иброз дошт ва таъкид намуд, ки таҳдиди аслӣ аз Афғонистон маҳз терроризм аст. 

Дабири Шӯрои амнияти Федерастияи Русия афзуд, ки айни замон тибқи ҳисобҳои мухталиф шумори террористони фаъол дар Афғонистон бештар аз 23 ҳазор нафар аст.

Вай бо таваҷҷуҳ ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа изҳор дошт, ки он то ҳол  манбаи аслии даромади молии террористон боқӣ мондааст ва Афғонистон 90 дарсади бозори ҷаҳониро бо афюн таъмин мекунад. 

Бояд гуфт, ки  дирӯз дар пойтахти Ҳиндустон таҳти раёсати мушовири нахуствазири ин кишвар дар умури амнияти миллӣ Аҷит Довал нишасти котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои минтақа баргузор гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаи вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла  котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ин муколамаи минтақавӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва дар сафи пеши мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад.

Манобеи ҳиндӣ мегӯянд,  аз натоиҷи ин нишаст  изҳороте иборат аз 12 банд ба тасвиб расидааст.  


Низомиёни афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба ИМА парвоз карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед