Ru  | Tj
Намояндаи Русия: Нишондиҳандаҳои омории муомилоти молии Душанбеву Маскав бояд ба миллирад бирасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Русия: Нишондиҳандаҳои омории муомилоти молии Душанбеву Маскав бояд ба миллирад бирасад
Акс: ASIA-plus

Намояндаи Русия: Нишондиҳандаҳои омории муомилоти молии Душанбеву Маскав бояд ба миллирад бирасад

Нашр шуд

Давоми ҳашт моҳи имсол ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистону Русия беш аз панҷоҳ дарсад афозиш ёфтааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ин матлабро директори департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироии Вазорати рушди иқтисоди Русия Иля Федоров дар нишасте дар ҳошияи ҳафтумин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баён намуд. 

Ин намояндаи Вазорати рушди иқтисоди Русия дар ин баробар таъкид дошт, ки ин нишондод ва дар маҷмӯъ сатҳи равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия ба зарфиятҳои мавҷуда мутобиқат надорад ва бояд густариши бештар ёбад. 

Вай афзуд, ки Русия шарики аслии тиҷории Тоҷикистон аст ва соли гузашта ҳиссаи ин кишвар дар маҷмӯи гардиши мол бо Тоҷикистон ба 21,4 ва соли равон ба 19,8 дарсад баробар будааст. 

Федоров афзоиши панҷоҳдарсадии муомилоти молии Душанбеву Маскавро раванди мусбат арзёбӣ кард ва таъкид дошт, ки ин ҳанӯз ҳам кофӣ нест ва нишондиҳандаҳои оморӣ бояд ба миллиард ва бештар аз он бирасад. 

Зикр гардид, ки барои густариши равобити иқтисодӣ Тоҷикистону Русия бояд ба роҳандозии тарҳҳои нави муштарак, ҳамкории мутақобилаи ширкатҳо ва истифода аз имконоти ниҳодҳое, ки ба содирот мусоидат менамоянд, талош намоянд. 

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон борҳо хостори ҷалби сармояи Русия ба рушди иқтисоди кишвар шудааст ва Маскавро аз муҳимтарин шаркиони стратегии худ медонад.  

Қаблан Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки давоми солҳои 2007-2020 Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард доллар сармоя ворид намудааст ва аз ин беш аз 900 миллион доллараш сармояи мустақим мебошад. 

Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И масъалаи ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед