Ru  | Tj
Намояндаи Русия: Террористон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Русия: Террористон метавонанд  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд
Акс: Интернет

Намояндаи Русия: Террористон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд

Нашр шуд

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки террористон метавонанд ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. 

Ба иттилои Sputnik, Василий Небензя, намояндаи Русия дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон рӯзи 17-уми август таъкид дошт фаъолияти террористӣ имкон дорад, ки берун аз Афғонистон низ паҳн гардида, ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.

Вай таъкид дошт, ки террористон, аз ҷумла метавонанд зери ниқоби паноҳандагон ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд.

Ғулом Исҳокзай, намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони милал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "Аморати исломӣ” дар Афғонистонро, ки Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳо) мехоҳанд таъсис бидиҳанд, эътироф накунанд.

Исҳокзай афзуд, ки Толибон аллакай бо мақсади интиқом хона ба хона мегарданд ва онҳоеро, ки ба ҳукумату хориҷиҳо ҳамкорӣ мекарданд, ҷустуҷӯ доранд.

Шоми 15-уми август Толибон пас аз чанд моҳи даргириҳо дохили пойтахти Афғонистон шуд ва қасри раисиҷумҳурро ишғол намуд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардааст ва дар Афғонистон қудрат ба дасти Толибон расидааст.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар як нишасти хабарӣ Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Заҳири Ағбар таъкид дошт, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, ба таври қонунӣ раисиҷумҳури кишвараш аст.

Амруллоҳ Солеҳ муовини Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бо нашри баёнияе дар Твиттер рӯзи 17-уми август худро сарвари давлат эълом намуда буд.



Сафири Афғонистон: Толибон ҳамин ҳоло манзили маро ғорат карданд, гуфтори онҳо аз рафторашон фарқ дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед