Ru  | Tj
Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд
Акс: Интернет

Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд

Нашр шуд

"Толибон”* бо намояндаи созмони донории Оғохон масоили рушди Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои оҷонсии иттилоотии "Новости", муовини нахуствазири "Толибон"* Абдусалом Ҳанафӣ дар Афғонистон бо намояндаи Шабакаи Рушди Оғохон Алӣ Паснанӣ дидор анҷом дод.

Ба таъкиди манбаъ, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи рушди ҳамаҷонибаи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар рафти вохӯрӣ Паснанӣ аз фаъолияти созмонҳои Оғохон дар бахшҳои мухталифи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон маълумот додааст.

"Бо кӯмаки Созмони Оғохон дар Афғонистон аллакай беш аз 140 ёдгории мероси фарҳангӣ бозсозӣ шудааст",-шарҳ додааст Паснонӣ.

Зикр мегардад, ки Паснонӣ дар мулоқот бо намояндаи "Толибон"* таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи махсус бояд ба рушди таҳсили занони Афғонистон равона гардад.

Ҳамчунин, Ҳанафӣ дар навбати худ изҳор доштааст, ки ҳукумати Афғонистон омода аст, ки барои фаъолияти минбаъдаи Шабакаи Оғохон дар ин кишвар мусоидат намояд. 

"Рушди соҳаи тандурустӣ ва маориф барои Афғонистон аҳаммияти хоса доранд. Мақомоти Афғонистон барои ба таҳсил фароҳам овардани духтарон талош меварзад",- арз доштааст Абдусалом Ҳанафӣ. 

"Толибон"* 15-уми август вориди Кобул шуда, рӯзи дигар эълон доштанд, ки дар ин кишвар ҷанг хотима ёфт. Аввали моҳи сентябр Муҳаммад Ҳасан Охунд роҳбари нави ҳукумати муваққатии Афғонистон таъин гардид. 

* Толибон  - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо 


Дар Афғонистон духтари 9-соларо бар ивази 2 ҳазор доллар ба марди 55-сола фурӯхтанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед