Ru  | Tj
Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки зарурати тақвияти ҳамкории СММ ва СААД ба миён омадааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки зарурати  тақвияти ҳамкории СММ ва СААД ба миён омадааст
Акс: Интернет

Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки зарурати тақвияти ҳамкории СММ ва СААД ба миён омадааст

Нашр шуд

Тоҷикистон дар Созмони милал  ба нақши муҳимми СААД дар амри мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир таъкид намуд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон ширкат ва суханронӣ намуд. 

Дар ин нишаст ки ба мавзӯи «Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ» ихтисос ёфта буд, Ҳикмат гуфт, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар амри мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир нақши муҳим дорад. 

Намояндаи Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки зуҳур ёфтанашон аз Афғонистон баид нест, изҳори нигаронӣ намуд. 

Ҷонибек Ҳикмат афзуд, ки таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ  дар минтақа зарурати тақвияти ҳамкориҳои СММ ва СААД-ро ба миён овардаанд.

 Ин дипломати тоҷик таъкид дошт, ки дар ин замина таҳияи абзорҳои ҳамкории СААД ва СММ дар мубориза бо кочоқи маводи мухаддир низ муҳим дониста мешаванд. 

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳам Тоҷикистон борҳо гуфта буд, ки Душанбе барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тадбирҳои иловагӣ меандешад, зеро фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя нигаронкунанда мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ҳамчунин хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон шуда буд.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 -уми майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд. 

Ин созмон борҳо эълом доштааст, ки дар сурати зарурат омода аст ба Тоҷикистон барои ҳифзи комили марзаш бо Афғонистон тамоми кӯмакҳои лозимиро ироа намояд. 


Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед