Ru  | Tj
Намояндаи Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Намояндаи Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ карданд

Нашр шуд

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон  дар Созмони милал ба Дабири кулли ин созмон эътимодномаи худро таслим кард.  

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷа, дар мулоқоте, ки пас аз маросими тақдими эътимоднома баргузор гардид, Ҷонибек Ҳикмат ва Антониу Гуттереш перомуни ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон,  аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон доштани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  мубодилаи афкор намуданд.

Масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ дар ин дидор мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.  

Ҷонибек Ҳикмат моҳи апрели имсол бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Тоҷикистон дар СММ таъин шуда буд.  Ин дипломати ҷавони тоҷик дипломи бакалаври Eastern Mediterranean University – и Кипрро дорад ва зинаи магистриро дар дар Cardiff Metropolitan University  - и Уэлс хатм кардааст. Вай пештар дар Вазорати корҳои хориҷа ва як муддат дар намояндагии Тоҷикистон дар Амрико кор мекард.  



Гурӯҳи кории СПАД барои назорати марз ба Тоҷикистон омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед