Ru  | Tj
Намояндаи Толибон*: Ба марзи Тоҷикистон сарбоз нафиристодаем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Толибон*: Ба марзи Тоҷикистон сарбоз нафиристодаем
Акс: Интернет

Намояндаи Толибон*: Ба марзи Тоҷикистон сарбоз нафиристодаем

Нашр шуд

Намояндаи Толибон* хабари фиристода шудани сарбозони ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистонро нодуруст хонд.

Ба иттилои “РИА Новости”, Билол Каримӣ, намояндаи ин ҳаракат, таъкид кардааст, ки интиқоли сарбозон ба сарҳади Тоҷикистон дар аз ҳақиқат аст.

Ин хабаргузорӣ менависад, ки манбааш аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки таҷаммӯи сарбозони Толибон* (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) дар наздикиҳои марз бо Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст ва вазъ дар сарҳад ором аст.

Ин дар ҳолест, ки пештар Алексей Зайцев, як намояндаи Вазорати хориҷии Русия, дар нишасти хабарӣ зикр намуда буд, ки Тоҷикистон ва Толибон* нерӯҳои худро ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон интиқол додаанд.

Қаблан Мулло Бародар, муовини аввали сарвазири ҳукумати худхондаи Толибон* Тоҷикистонро бо иттиҳоми дахолат ба умури дохилии Афғонистон танқид карда буд. Вай дар як гуфтугӯи телевизионӣ дар шабакаи Al-Jazeera гуфта буд, ки "Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад".




Президент: Артиши Тоҷикистон бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ба ҳифзи Ватан тайёр аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед