Ru  | Tj
Намояндаи Толибон* ба нишасти СҲШ даъват нашуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Толибон* ба нишасти СҲШ даъват нашуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Намояндаи Толибон* ба нишасти СҲШ даъват нашуд

Нашр шуд

Мақомоти Покистон таъйид карданд, ки намояндаи ҳукумати Толибон*-ро ба нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой даъват накардаанд.

Исҳоқ Дор, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Покистон гуфт, узвияти Афғонистон дар ин созмон пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон* дар соли 2021 мутаваққиф шудааст.

Ин нишасти дурӯза 15-16 октябр дар Исломобод, пойтахти Покистон расман оғоз мешавад. Дар ҳоли ҳозир равобити Исломобод бо ҳукумати Толибон* ба далели афзоиши ҳамалоти маргбори Таҳрики Толибон*-и Покистон сард шудааст.

Покистон мегӯяд, ки Толибон*-и Афғонистон дар Кобул раҳбарони Толибон*-и Покистонро пазироӣ мекунанд.

Афғонистон моҳи июни соли 2012 ҳамчун узви нозир дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой пазируфта шуд.
 
Бояд гуфт ки Покистон мизбони 23-юмин нишасти Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, ки дар ин нишасти дурӯза (15-16 октябр) дар Исломобод ҳафт нахуствазир ва як муовини раисҷумҳур ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси баёнияи Вазорати хориҷаи Покистон, нахуствазирони Чин, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамроҳ бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва вазири хориҷаи Ҳинд дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин сарвазири Муғулистон ба ҳайси узви нозир ва муовини раиси Девони вазирон ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон ба ҳайси меҳмони вижа дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед