Ru  | Tj
Намояндаи ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об баҳои баланд дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об баҳои баланд дод
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об баҳои баланд дод

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле дар шаҳри Париж мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вохӯрии Муҳриддин бо хонум Наир-Бедуэлле имрӯз сурат гирифа, ҷонибҳо ба мавзӯҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба масоили об ва иқлим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. 

Гуфта мешавад, ки вазир намояндаи ЮНЕСКО-ро барои ҳамкорӣ намудани Созмон дар гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" дар соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон даъват намуд.

Ҳамчунин, Муҳриддин ба ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ пешниҳод намудааст, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро нисбат ба масъалаи обшавии пиряхҳо пайгирӣ намояд.

Зимнан, хонум Наир-Бедуэлле дар навбати худ изҳор дошта, ки Созмони ЮНЕСКО омода аст, чорабиниҳои минбаъд ба нақшагирифташудаи Тоҷикистонро дар масоили глобалии бахшида ба об, дастгирӣ менамояд.

9-уми ноябр дар шаҳри Париж чорабинии иҷлоси 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шуда, то 24-уми ноябр идома меёбад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар Париж Мудири кулли мунтахаби ЮНЕСКО- ро табрик гуфт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед