Ru  | Tj
Намунаи нави пули қоғазии арзишашон 20 ва 50 сомонӣ ба муомилот мебарояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намунаи нави пули қоғазии арзишашон 20 ва 50 сомонӣ ба муомилот мебарояд
Акс: Mirbon.net

Намунаи нави пули қоғазии арзишашон 20 ва 50 сомонӣ ба муомилот мебарояд

Нашр шуд

Ҷиҳати таъмин гардидани талаботи муомилоти пули нақди кишвар бо пулҳои қоғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ Бонки миллии Точикистон пулҳои қоғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қайд мегардад, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот ҳастанд, баробар гардиш мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи муҳофизатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода гардидаанд. Пулҳои мазкур дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.



Дар шаш моҳ 36 000 нафар аз “Амонатбонк” қарз гирифтаанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед