Ru  | Tj
Нашри маҷаллаи "Тӯроннома" бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар Аврупо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нашри маҷаллаи "Тӯроннома" бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар Аврупо

Нашри маҷаллаи "Тӯроннома" бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар Аврупо

Нашр шуд

Дар Суед (Шветсия)-и Аврупо аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажӯҳӣ илмӣ» нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд.

Маҷалла мазкур фаслнома буда, дар назар аст, ки дар се моҳ як бор нашр шавад. Мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи "Тӯроннома" муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов аст.

Шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Тӯроннома»-ро донишмандон ва мутахассисони маъруф аз донишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкил мекунанд.

Бояд гуфт, ки маҷалла дар ҳоли ҳозир ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ паҳн мешавад ва қарор аст, вежаномаҳои он ба хат ва забони форсӣ низ ба табъ бирасад.

Дар назар аст, бо ҳамкории ховаршиносон ва коршиносони таърих ва таммадуни Шарқ аз кишварҳои урупоӣ, Иёлоти Муттаҳаидаи Амрико, Конодо, Ҷопон ва гайра, ин фаслномаи тахассусӣ ба номи «Тураника» (“Turanica”) ба забони инглисӣ низ ба табъ бирасад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед