Ru  | Tj
Натиҷаи сабқати муштзанони тоҷик дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Натиҷаи сабқати муштзанони тоҷик дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон
Акс: аз манбаъҳои боз

Натиҷаи сабқати муштзанони тоҷик дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон

Нашр шуд

Дар шаҳри Будваи Черногория Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон ҷараён дорад, ки дар он 9 муштзан аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро Муинхуҷа Муминов ва Анӯшервон Фозилов муаррифӣ карданд.

Тибқи иттилои сомонаи varzishtv.tj, Муинхуҷа Муминов (48 кг) дар даври аввал аз намояндаи Испания Исмоил Мағраоуи бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Муштзани дигари тоҷик Анӯшервон Фозилов (51 кг) дар даври аввал бидуни мушкилӣ бар Мохитли Реабетсое зафар ёфта, ба даври дуюм баромад.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа 3 муштзани тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов, Муҳаммадсултон Султонов ва Зиёратшоҳ Қосимов баромад карданд.

Меҳроҷ Суфиҷонов зери вазни 51 кг дар даври аввал намояндаи Албания - Хихи Стивенро мағлуб карда, ба даври дуюм баромад.

Муҳаммадсултон Султонов зери вазни 67 кг дар даври аввал бар намояндаи Австралия Аден Недановский зафар ёфт.

Зиёратшоҳ Қосимов (75 кг) дар даври аввал аз намояндаи Булғористон, Андрей Матскевич мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Қобили зикр аст, ки Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон аз 23 октябр то 3 ноябр баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи имсола дар Черногория дар маҷмуъ 660 муштзан аз 88 кишвар ширкат мекунанд, ки назар ба мусобиқаи соли 2022, ки 598 муштзан аз 73 кишвар ширкат дошт, бештар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед