Ru  | Tj
Наврӯзи байналмилалиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷашн гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврӯзи байналмилалиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷашн гирифтанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Наврӯзи байналмилалиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷашн гирифтанд

Нашр шуд

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз 17-уми марти соли 2022 дар шаҳри Париж чорабинии ботантанаи идона баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинии мазкур бо ташаббуси намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз қабили Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шудааст.

Таъкид мегардад, ки Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар ЮНЕСКО мизи миллиро бо хӯрокҳои тоҷикӣ ороиш дода, ҷиҳати муаррифӣ намудани кишвар маводу аксҳои таблиғотиро доир ба Тоҷикистон ба намоиш гузоштаанд.

Дар ҷашни идона Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ширкат дошта, ҳамаи кишварҳоеро, ки Наврӯзро таҷлил мегиранд, табрик намудааст.

Ҳамчунин, масъулони вазорату идораҳои Фаронса, сафирони дар назди Созмон аккредитатсияшуда, намояндагони Котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО ва намояндагони дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими Фаронса, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса дар чорабинӣ иштирок доштаанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳон ворид карда, моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содири як қатънома Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон карда буд. Ин қатънома дар 64-умин нишасти СММ қабул гардида буд.


Дастури Эмомали Раҳмон барои иди Навруз


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед