Ru  | Tj
Наврасони футболи Тоҷикистон дастаи Ӯзбекистонро шикаст доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони футболи Тоҷикистон дастаи Ӯзбекистонро шикаст доданд
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Наврасони футболи Тоҷикистон дастаи Ӯзбекистонро шикаст доданд

Нашр шуд

Бозии рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дирӯз Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии рафиқона бар дастаи наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рӯзи ҷумъа, яъне 13 –уми август, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ягон медал ба даст наоварда ва Ӯзбекистон бошад 3 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-16) тирамоҳи оянда баргузор мешавад.

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар 2020 маълум шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед