Ru  | Tj
Наврасони тоҷик барои ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Маскав рафтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони тоҷик барои ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Маскав рафтанд
Акс: Интернет

Наврасони тоҷик барои ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Маскав рафтанд

Нашр шуд

Имрӯз як гурӯҳ таълимгирандагони «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштирок дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон ба шаҳри Маскав сафар карданд.

Комил Раҳимӣ, директори «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар саҳифаи худ дар Фейсбук дар ин бора хабар дода, афзудааст, ки Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон аз  24-ум то28-уми август дар павилони №57 Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (боғи «Русия – таърихи ман»)-и шаҳри Маскав доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш беш аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия ва намоядагони 10 кишвари хориҷ иштирок менамоянд.

Раҳимӣ, ҳамчунин, зикр намудааст, ки тибқи барнома иштирокчиёни ин ҳамоиш дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун ва дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд, аз мавзеъҳои таърихии Маскав дидан мекунанд ва бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки наврасони тоҷик қариб ҳамасола ба ҳамоишҳои байналмилалии кӯдакону наврасон, ки дар Русия баргузор мегарданд, даъват мешаванд.

Аз ҷумла, соли гузашта онҳо ба Санкт-Петербург, ба ҳамоиши байналмилалии фарҳангӣ ва маърифатии кишварҳои ИДМ рафта  буданд.

Абубакр Шеров дар Ҷоми кушоди Осиë медали нуқра гирифт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед