Ru  | Tj
Наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта мақоми дуюм гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта мақоми дуюм гирифтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта мақоми дуюм гирифтанд

Нашр шуд

Дастаи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони 12-17-сола 23 медал ба даст овард. Дар байни онҳо 6 тило, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ аст.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа дар се гурӯҳи синну соли 12-13-сола, 14-15-сола ва 16-17-сола рақобат карданд. Ҳар як гурӯҳ бошад вазнҳои худро дошт, ки аз 30 то 120 кг буд.

Қаҳрамонӣ аз 6 то 10 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Забӣ баргузор шуд, иттилоъ дод Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дастаи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ дар ҷаҳон мақоми 2-юмро касб кард.

Ҳамин тариқ Ҳалимҷон Давлатов (-31 кг) ва Муҳаммадалӣ Саъдулоев (52 кг) миёни варзишгарони 12 то 13-сола ба гирифтани нишони тило ноил шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардиданд. Миёни размикорони синнашон 14-15-сола се варзишгари тоҷик: Абубакр Рустамов (40 кг), Абубакр Сатторов (57 кг) ва Усмон Назаров (77,1 кг) медалҳои тило гирифтанд. Муҳаммад Абдуллозода ( 77,1 кг) миёни варзишгарон 16 то 17-сола низ нишони тилоӣ ба даст овард.

Инчунин 6 варзишгари дигари Тоҷикистон Нуршед Коватов (34 кг) миёни варзишгарони синни 12 то 13-сола, Ҳайдарҷон Қарабеков (44 кг) миёни варзишгарони 14-15-сола, Фарҳоди Давлаталӣ (52,2 кг), Муҳаммад Саидзода (56,7 кг) ва Сино Абуалӣ (83,9 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола медалҳои нуқраро соҳиб шуданд.

Нишонҳои биринҷиро дар мусобиқаи мазкур Умарҷон Файзалиев (34 кг) , Акмал Собирзода (37 кг), Амир Собирзода (48 кг), Илҳом Ҳамидов (57 кг) миёни варзишгарони 12-13-сола, Ҳусейнҷон Баротов (40 кг), Умар Шарифов (48 кг), Ёсин Нурмаҳмадов (52 кг) миёни варзишгарони 14-15-сола, Исмоил Зайниддинов (52,2 кг), Амруллои Амриддин (56,7 кг), Муҳаммадҷон Пиров (65,8 кг), Абдулло Шоев (90 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола ба даст оварданд.

Дар умум дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон дар ин қаҳрамонии ҷаҳон бо гирифтани 23 медал мақоми дуввумиро соҳиб шуд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 900 варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед