Ru  | Tj
Наврасони тоҷик дар Тошканд аз тими Эрон низ мағлуб шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони тоҷик дар Тошканд аз тими Эрон низ мағлуб шуданд
Акс: Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Наврасони тоҷик дар Тошканд аз тими Эрон низ мағлуб шуданд

Нашр шуд

Мунтахаби футболбозони навраси то шонздаҳсолаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Тошканд бозии дуюми худро низ бо шикаст ба анҷом расонид. 

Ба  иттилои Федератсияи футболи кишвар, тими наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувуми худ дар сабқати байналмилалие, ки  ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов баргузор мегардад, аз дастаи Эрон бо ҳисоби ду бар як мағлуб шуд.

Манбаъ меафзояд, дар ин бозӣ, ки дирӯз дар Тошканд гузашт,  голи ягонаи тими Тоҷикистонро Беҳрӯз Хӯҷаев ва ду голи Эронро Ризо Гандипур ба самар расониданд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа, ки то 27-уми август давом меёбад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат ва байни ҳам рақобат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мегардад ва тиме ғолиб дониста мешавад, ки имтиёзи бештар ба даст меорад.

 Наврасони тоҷик рӯзи 23-уми август бо тими Ҷопон ба майдон баромада, аз ҳамсолони ҷопонии худ низ шикаст хӯрда буданд.

Дар даври сеюми ин мусобиқа мунтахаби наврасони кишвар рӯзи 27-уми август бо тими Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард. 

Ин нахустин мусобиқаи байналмилалиест, ки мунтахаби футболбозони навраси тоҷик таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов ба майдон мебароянд. Лозим ба зикр аст, ки ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор меравад.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то шонзаҳсола аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд ва мунтахаби кишвар дар гурӯҳи "Н" барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи баъдӣ бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон сабқат мекунад.

“Суғдиён”-и Ӯзбекистон дар меҳмонӣ бар тими футболи "Хуҷанд" пирӯз омад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед