Ru  | Tj
Наврасони Тоҷикистон чемпиони “Ҷоми рушд-2021”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони Тоҷикистон чемпиони “Ҷоми рушд-2021”
Расм аз ФФТ

Наврасони Тоҷикистон чемпиони “Ҷоми рушд-2021”

Нашр шуд

Мусобиқаи футбол, ки тӯли 1 ҳафта дар Ҷумҳурии Беларус давом дошт, ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа Наврасони то 17 солаи Тоҷикистон низ қувваозмои намуда, ғолиб омаданд.

Дар “Ҷоми рушд-2021” Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Тоҷикистон бошад дар се бозӣ бо ҳисобҳои назаррас ғалабаро ба даст овард. Ҳамсолони худ аз Қазоқистонро дар бозии аввал бо ҳисоби 1:7, Молдоваро 1:5 ва дар бозии ниҳои мизбони мусобиқаро бо ҳисоби 1:4 мағлуб намуданд.
Муаллифони голҳо: Иван Агеев, 37 (1:0). Аббос Андалебов, 38 (1:1). Абдулфаттох Худойдодзода, 54 (1:2). Сунатулло Азизов, 64 (1:3). Амирҷони Фаррухзод, 89 – пеналти (1:4).

Инчунин бозингарони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои инфиродӣ низ гардиданд, Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани даста Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Тоиров бозингари беҳтари мусобиқаи “Ҷоми рушд-2021”дониста шуданд.
Ҳамин тавр дастаи наврасони Тоҷикистон бо се ғалаба ба рандаи “Ҷоми рушд-2021” гардиданд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон бошад дар бозии дуюми рафиқонаи худ бо тими Урдун бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Алишер Ҷалилов муаллифи голи ягонаи Тими мунтахаби Тоҷикистон гардид. Ин бозӣ санаи 5 феврал дар шаҳри Дубай баргузор гардид.

Ҳафтаи футбол дар Тоҷикистон




      

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед