Ru  | Tj
Назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Ворух

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Ворух
Расм аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Ворух

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ворух қарор доранд, назари худро оиди ин масъала баён карданд.

Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки “масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад” ва роҳе ёфтан лозим, то бо ҳамсояҳои қирғиз дар муҳити дустӣ зиндаги кунем.

Президент гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух, -  масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

"Ман аз шумо даъват мекунам, ки бо ҳамсояҳои қирғизи худ дӯстона зиндагӣ кунед",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ворӯх сафар намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед