Ru  | Tj
Наздики 160 ҳазор тоҷикистонӣ дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наздики 160 ҳазор тоҷикистонӣ дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Наздики 160 ҳазор тоҷикистонӣ дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд

Нашр шуд

Давоми се соли охир дар Тоҷикистон беш аз 660 хонавода аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шуда, дар манотиқи амн бо манзили маскунӣ таъмин гардиданд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар қаламрави ин кишвар 1209 минтақаи хавфнок мавҷуд аст, ки қисми зиёди онҳо мавзеъҳои аз ҷиҳати селу обхезӣ, ярч, сангрезӣ ва тарма хатарнок ҳастанд. Зикр мешавад, ки аз ин миён дар Тоҷикистон 515 мавзеъҳои хатарноки аввалиндараҷа муайян карда шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 887 хонавода бо шумораи 158 ҳазору 970 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, ки дар ин минтақаҳо анҷоми корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ зарур аст. Аз ҷумла, дар ВМКБ – 140, вилояти Хатлон – 46, вилояти Суғд – 88, ноҳияҳои тобеи марказ – 237 ва шаҳри Душанбе – 4 мавзеи барои аҳолӣ хатарнок мавҷуд аст.

Ба таъкиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бо кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои пурхатар ҳамчун муҳоҷирони экологӣ ва гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ минтақаҳои хавфнок дар ин кишвар нисбати соли 2021 ҳудуди 262 мавзеъ камтар шудааст.

Дар ин замина гуфта мешавад, ки дар асоси фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 – 214 хонавода, дар соли 2022 – 222 хонавода ва дар соли 2023 – 231 хонаводаи дигар аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шуда, бо замини наздиҳавлигӣ ва кумаки моддӣ таъмин гардиданд.

Дар соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 225 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кумаки моддӣ таъмин гардидаанд. Аз ҷумла дар ВМКБ – 6, дар вилояти Суғд – 60, дар вилояти Хатлон – 91 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ – 68 хонавода аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шуданд.

Бояд гуфт, ки минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон аз назари офатҳои табиӣ осебпазир буда, ҳамасола селу обхезӣ, ярч ва тарма ба мардум ва иқтисоди ин кишвар садҳо миллион сомонӣ зарар ворид мекунад.

Танҳо дар як рӯзи 4 августи соли ҷорӣ боло рафтани дамои ҳаво боиси обшавии пиряхҳо ва омадани сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошими ВМКБ шуд, ки дар натиҷа 13 хона пурра ва 26 хонаи дигар дар ин русто қисман зарар диданд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар 188 ҳолати сел, 156 барфу борони шадид, 77 тарма, 35 ҳолати болорави сатҳи об ва дигар ҳодисаҳои нохуш рух дода, зарари он беш аз 130 миллион сомониро ташкил дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед