Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наздики 1 милюн сомонӣ зарар дидаанд. Додситонии кулл аз афзоиши ҳолатҳои қаллобии интернетӣ хабар дод
Нашр шуд
Додстонии кулли Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ваъдаҳо ва таблиғоти дурӯғ дар интернет бовар накунанд.
Ин ниҳоди назоратӣ ба унвони мисол хабар додааст, ки танҳо дар як ҳолат қаллобони интернетӣ аз як шаҳрванд наздики 870 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб соҳиб шудаанд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванд А. Расгелдиев дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекломи бардурӯғ аз номи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Русия дар мавриди ба даст овардани аз 10 то 20 дарсад фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ошно мешавад.
Номбурда тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба воситаи барномаи иҷтимоии «Телеграм» аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868 ҳазору 500 сомониро ба ҳамёни бонкии «Душанбе Ситӣ» ба рақами +992771112524, ки ба номи шаҳрванди Украина Людмила Прокопенко ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин шаҳрванд А. Расгелдиев ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст.
«Дар натиҷаи санҷиши додситонӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 милюн сомони маблағ интиқол шуда, дар гардиш қарор доштанд. Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи санҷиш Додситони кулли Тоҷикистон вобаста ба ҳолати мазкур барои содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард», - навиштааст вебгоҳи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ин ниҳод мегӯяд, ба манзури пешгирии қаллобӣ истифодаи симкорти шаҳрванди Украина Л. Прокопенко, ки ҳамзамон дар бонки «Душанбе Ситӣ» ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд.
Ба навиштаи вебгоҳи расмии Додситони кулли Тоҷикистон, ҳолати дигари қаллобии интернетӣ моҳи феврали соли 2023 рух додааст. Гуфта мешавад, шахси номаълум ба телефони мобилии шаҳрванд Ф. Собиров занг зада, худро намояндаи ширкати «Газпром»-и Русия Виктор Абрамов муаррифӣ мекунад. Сипас пешниҳод мекунад, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи «Trading Platform» дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро намояд.
Гуфта мешавад, Собиров ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, маълумотҳои шиносномавӣ, роёнишонӣ (почтаи электронӣ) ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки «Душанбе Ситӣ» ҷамъ ба маблағи 89 ҳазору 700 сомониро пардохт намудааст.
«Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумотҳои шахсии Ф. Собировро ба даст овардаанд, бе хабардории охирон ба номаш дар платформаи сармоягузории «Бинанс» дар Интернет саҳифа (аккаунт) фаъол карда, маблағи пулии ба даст овардаро барои харидории рамзарз (криптавалюта) истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд», - омадааст дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Дар робита ба ин ҳолат низ Додситонии кулли Тоҷикистон парванди ҷиноӣ боз намуда, аз рӯйи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол намуд.
Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба чунин таблиғоти бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, аз пешниҳоди ҳама гуна маълумоти шахсӣ ба афроди ношинос худдорӣ кунанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед