Ru  | Tj
Назорати ҳаракат бо скутеру электросамокатҳо дар Узбекистон пурзӯр мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Назорати ҳаракат бо скутеру электросамокатҳо дар Узбекистон пурзӯр мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Назорати ҳаракат бо скутеру электросамокатҳо дар Узбекистон пурзӯр мешавад

Нашр шуд

Раисҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев қонунеро имзо кард, ки дар он барои нақзи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагони скутер, электросамокат, мопед ва дигар воситаҳои нақлиёти инфиродӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ин қонун рӯзи 28 октябр пас аз нашр дар пойгоҳи миллии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Lex.uz эътибор пайдо кард.

Ҳамин тариқ, акнун барои итоат накардан ба сигналҳои назорати роҳ, риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, ронандагони электросамокат, скутер, мопед ва дигар воситаҳои нақлиёти инфиродӣ ба андозаи 1/3 арзиши заминавӣ барои ҳисобҳо – 125 ҳазор сум (10 доллар) ҷарима хоҳанд шуд.

Агар шахс дар ҳолати мастӣ скутер ё электросамокат идора кунад, ба андозаи 3 1,125 миллион сум (88 доллар) ҷарима баста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Узбекистон суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёти инфиродӣ, аз ҷумла электросамокатҳои барқӣ дар роҳҳои пиёдагард то 10 км/соат ва дар роҳи мошингард то 20 км/соат маҳдуд карда шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед