Ru  | Tj
Назорати рақамисозӣ ва гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Назорати рақамисозӣ ва гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад
Акс: "Ховар"

Назорати рақамисозӣ ва гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ барои рақамисозии хадамоти давлатӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ таъсис дода мешавад. Санад дар ин бора дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, ки то панҷуми ҳар моҳ дар бораи ҷараёни рақамисозии хадамоти давлатӣ ва гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба ситоди мазкур маълумот пешниҳод кунанд.

Ситод дар навбати худ, самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, инчунин фаъолияти сохторҳои давлатиро таҳлил мекунад. Ситод то санаи 10-уми ҳар моҳ ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи натиҷаи фаъолияти худ маълумот медиҳад.

Раёсати ин ситод, ки ба он намояндагони роҳбарияти 17 ниҳоди давлатӣ шомиланд, ба души муовини аввали сарвазири Тоҷикистон гузошта шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, айни замон фановариҳои рақамӣ дар 17 соҳаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла низоми моделсозию дурнамосозӣ, иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, роҳхат ва борхатҳои электронӣ, низоми биллингии пардохтҳои нерӯи барқ, системаи электронии амалиёти молиявии SGB-net ва пардохти электронии андозҳо, Маркази миллии тестии рақамӣ ва шаҳри ҳушманд бо низомҳои рақамии хизматрасониҳои мусофиркашонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Хотиррасон мекунем, ки бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023 пардохт барои хизматрасониҳои давлатӣ, боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо барои хадамоти шаҳрдорӣ ва тиббӣ пурра тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад. Тибқи ин санад, дар тамоми ниҳодҳо ва сохторҳои давлатӣ қабули пардохт бо пули нақд манъ аст.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед