Ru  | Tj
Нерӯи ҳарбии Тоҷикистон дар мақоми 99-ум қарор гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нерӯи ҳарбии Тоҷикистон дар мақоми 99-ум қарор гирифт
Акс: Интернет

Нерӯи ҳарбии Тоҷикистон дар мақоми 99-ум қарор гирифт

Нашр шуд

Дар GlobalFirePower Ӯзбекистон дар мақоми 48-ум ва Қазоқистон дар мақоми 38 –ум қарор доранд.

Дар портали GlobalFirePower.com рейтинги кишварҳо оид ба нишондоди сатҳи нерӯи ҳарбӣ таҷдид шуд, ки дар он Тоҷикистон дар мақоми 99-ум қарор гирифт.

Ба сегонаи пешвоён ИМА, Русия ва Чин шомил гардиданд. Бо фарқияти зиёд Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса аз сегонаи мазкур дар мақоми поёнтар қарор доранд.

Инчунин, дар байни давлатҳои узви ИДМ нишондоди беҳтаринро Русия, Белоруссия (50-ум ҷой) ва Ӯзбекистон нишон доданд.

Қазоқистон мақоми 61-ум, Озарбойҷон 63-ум, Қирғизистон 93-ум, Тоҷикистон 99-ум, Арманистон 100-ум ва Молдавия 107-умро ишғол намудаанд.

Натиҷаи пасттаринро Шоҳигарии Бутан, Ҷумҳурии Косово ва Ҷумҳурии Либерия нишон додаанд.

Муаллифони рейтинг қайд менамоянд, ки ҳангоми баҳогузорӣ зиёда аз 50 омил-оғоз аз нерӯи ҳарбӣ ва маблағгузорӣ то имконоти моддию техникӣ ва ҷуғрофӣ ба назар гирифта шудааст.



Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбиро имзо намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед