Ru  | Tj
“Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳар таҳаввул омодагии комил доранд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳар таҳаввул омодагии комил доранд”
Акс: TajikPress

“Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳар таҳаввул омодагии комил доранд”

Нашр шуд

Хабаргузории миллии иттилоотии “ХОВАР” бо нақл аз хабаргузории “ТАСС” менависад, ки вазъ дар марзи Афғонистон таҳти мудирият аст ва Тоҷикистон ба ҳар гуна таҳаввулоти марзӣ бо Афғонистон омодагии комил дорад. 

“ТАСС” бо истинод ба гуфтаҳои масъулини нерӯҳои мусаллаҳи кишвар менависад: «Низомиёни Тоҷикистон ба дилхоҳ ҳодисаи дар сарҳад бо Афғонистон рухдиҳанда омодаанд».

Дар ҳамин ҳол манбаъ афзудааст, ки вазъ дар марз таҳти назорат буда, ба муташанниҷ шудани он имкон дода намешавад.

Зимнан, зикр мегардад, ки дар мавриди таҳдид ё эҷоди ягон хатар ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои сареъи ҷавобӣ меандешад.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон* дар Афғонистон марзи муштарак бо ин ҳамсоя барои рафъи таҳдиди эҳтимолӣ ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи хоси давлат қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш байни нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон вобаста ба вазъи амниятии Афғонистон машқҳои низомии муштарак роҳандозӣ шуда буд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


СААД хурӯҷи нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон хатарнок хонд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед