Ru  | Tj
"Неруи зеҳн": Лоиҳаи нави Вазорати маориф ва илми Русия дар Тоҷикистон татбиқ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Неруи зеҳн": Лоиҳаи нави Вазорати маориф ва илми Русия дар Тоҷикистон татбиқ мешавад
Акс: Интернет

"Неруи зеҳн": Лоиҳаи нави Вазорати маориф ва илми Русия дар Тоҷикистон татбиқ мешавад

Нашр шуд

Гурӯҳе аз мактаббачагони тоҷик дар соли нави хониш омӯзиши физика ва риёзиро бо забони русӣ оғоз менамоянд. 

Ба иттилои сомонаи Вазорати маориф ва илми Русия, ин ниҳод дар соли нави хониш дар чанд мактаби се кишвари Осиëи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон лоиҳаи омӯзиши фанҳои физика ва риёзиро бо забони русӣ оғоз менамояд.

Гуфта мешавад, тибқи ин лоиҳаи байналмилалии башардӯстона, ки «Неруи зеҳн» ном дорад, дар нимаи аввали соли таҳсили 2022-23 тақрибан 300 мактабхони хориҷӣ метавонанд ба забони русӣ барномаи иловагии вижа аз физика ва математикаро азхуд кунанд.

Вазорат афзудааст, ки дар сурати татбиқи муваффақонаи ин лоиҳа дар се кишвари Осиëи Марказӣ дар ояндаи наздик ҷалби мактабхонони кишварҳои дигар аз хориҷи дур низ ба лоиҳа дар назар аст.

Сомонаи Вазорати маорифи Русия навишта, ки ин лоиҳа аз сӯи Институти давлатии педагогии Глазов ба номи В.Г. Короленко таҳия гардида, онро омӯзгорони рус – ширкаткунандагони лоиҳаи байналмилалии  «Муаллими рус дар хориҷ» амалӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар заминаи маориф муносиботи густарда доранд. Аз ҷумла,  Русия дар Тоҷикистон ба  маблағи 150 миллион доллар 5 мактаби русӣ бунëд намуда ва охири моҳи августи имсол онҳо ба таври расмӣ ба баҳрабардорӣ мерасанд.
Мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,  Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шудаанд ва  ҳар кадом барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ гардидаанд. Тадрис дар ин мактабҳо ба забони русӣ роҳандозӣ мегардад.

CAFA-2022: Ҷавонони тоҷик ҳамсолони қирғизи худро шикаст доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед