Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ниқоб, дастпӯшак, доруворӣ: Шоҳи Саудӣ ба Тоҷикистон маводи тиббӣ фиристод
Нашр шуд
Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID -19 маводи тиббӣ ирсол кард.
Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ба муносибати иди Қурбон Шоҳ Салмон ибн Абдулазиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ маводи тиббӣ, аз ҷумла либосҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, доруворӣ ва маҳлулҳои безараркунӣ кӯмак намуд.
Ба иттилои манбаъ, маросими таҳвили ин мавод дар бинои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва бо ширкати Валид ибн Абдурраҳмон ар-Рашидон, сафири ин кишвар дар Душанбе ва Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.
Ду моҳ қабл, дар моҳи Рамазон низ аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба беш аз 9 ҳазор оилаҳои ниёзманди тоҷик тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кӯмаки якдафъаинаи моддӣ расонида шуда буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед