Ru  | Tj
Нигаронии полиси пойтахт аз силоҳи сард дар дасти ноболиғон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нигаронии полиси пойтахт аз силоҳи сард дар дасти ноболиғон
Акс: аз манбаъҳои боз

Нигаронии полиси пойтахт аз силоҳи сард дар дасти ноболиғон

Нашр шуд

Кормандони полиси шаҳри Душанбе дар шаш моҳи соли ҷорӣ 62 адад силоҳи сард, аз ҷавонону наврасон дар пойтахт мусодира кардаанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо миёни ҷавонону наврасон дар пойтахт амалиёти «Корд»-ро роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷумла ахиран кормандони полис зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ шаҳрванд Муҳаммадрофеъ Худойназарови 19-соларо дубора барои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард боздошт намуданд. Зимни кофтуков аз номбурда як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ин, нисбати номбурда санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3 шабонарӯз таъйин карда шуд.

Дар идома зикр мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти санҷишии полиси шаҳри Душанбе, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ, дар умум 62 адад силоҳи сард аз ҷавонону наврасон дарёфту мусодира карда шуд, ки 51-адади он корд, 7 кастет, 2 чӯбдаст, 1 электрошокер ва 1 табар аст.

Нигаронкунанда он аст, ки 60 адади силоҳи сард маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Гуфта мешавад, ки бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, махсусан корд аз ҷониби наврасон, дар бештари маврид оқибат ба ҷиноятҳои фалокатбор меанҷомад.

Маҳз бо мақсади пешгирии сар задани чунин муноқишаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти умури дохилаи шҳари Душанбе давоми чанд соли охир амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед