Ru  | Tj
Нигаронии вазири дохилаи Эрон аз шумораи вуруди муҳоҷирони Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нигаронии вазири дохилаи Эрон аз шумораи вуруди муҳоҷирони Афғонистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Нигаронии вазири дохилаи Эрон аз шумораи вуруди муҳоҷирони Афғонистон

Нашр шуд

Сикандар Муъминӣ, вазири дохилаи Эрон мегӯяд, ки шумораи вуруди муҳоҷирони Афғонистон қобили таҳаммул нест ва Эрон тавони мизбонии ин ҳама муҳоҷирро надорад.

Муъминӣ рӯзи 9 сентябр дар гуфтугӯ бо барномаи "Сафи аввал"-и Садо ва симои Эрон гуфт, Теҳрон барнома дорад, ки бо суръат мавзӯи муҳоҷирони Афғонистонро созмондиҳӣ кунад. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар дод.

Вай гуфт, ки авлавияти аввал дар барномаи Эрон, бархӯрд бо касоне аст, ки ғайриқонунӣ омада, бидуни муҷаввизи қонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

"Ин барои кишвари мо дигар қобили таҳаммул нест, ҳама осеб мебинанд ва фурсатҳои зиёди шуғл аз байн бурда мешавад", - гуфт вазири умури дохилии Эрон.

Вай таъкид кард, ки нақшаҳояшро дар мавриди расидагӣ ба мушкили муҳоҷирони Афғонистон дар Эрон бо "созмондиҳии муносиб" амалӣ хоҳад кард.

Вазири корҳои дохилии Эрон гуфт, интизори онон аз муҳоҷирони Афғонистон ин аст, ки «талош кунанд бираванд ба кишвари худашон, он ҷоро бисозанд, обод кунанд, маҳали зиндагӣ ва ватани онҳо он ҷо аст».

Бояд гуфт, ки баъди руйи кор омадани ҳукумати нави Эрон ба раёсати Масъуд Пизишкён, фишорҳо бар муҳоҷирони Афғонистон афзоиш ёфтааст ва мақомҳои ин кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки шаҳрвандони хориҷии ғайриқонуниро ихроҷ мекунанд.

Аз сӯи дигар Аҳмадризо Родон, фармондиҳи пулиси Эрон гуфтааст, ки ин ниҳод то поёни соли ҷории хуршедӣ ду миллион шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ хоҳад кард.

Дар баробари ин парлумони Эрон низ ба тозагӣ тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар бояд солонаи 10 дарсад коҳиш ёбад.
Қабл аз ин масъулони вазорати муҳоҷирони Толибон* дар нишасте эълон карда буданд, ки дар як соли ахир наздики 1 миллиону 780 ҳазор нафар муҳоҷирони афғон аз Эрон, Покистон ва кишварҳои дигар ба Афғонистон баргаштаанд.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед