Ru  | Tj
Ниинистё изҳори бовар кард, ки ҳамкории Финляндияву Тоҷикистон густариш меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ниинистё изҳори бовар кард, ки ҳамкории Финляндияву Тоҷикистон густариш меёбад
Акс: Интернет

Ниинистё изҳори бовар кард, ки ҳамкории Финляндияву Тоҷикистон густариш меёбад

Нашр шуд

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Финляндия ба муносибати 30-юмин солгарди барпо гардидани робитаҳои дипломатии ду кишвар табодули паёмҳои табрикӣ карданд. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, рӯзи шанбе миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Саули Ниинистё мубодилаи паёмҳои табрикӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш аз ҷумла гуфт, дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар арсаҳои мухталифро фаро гирифта, имрӯзҳо дар марҳалаи рушди бомароми худ қарор дорад ва Тоҷикистон алоқаманд ба пешбурди ин раванд мебошад. 

Ниинистё дар паёми худ ба мардуми тоҷик рушду шукуфоӣ таманно намуда, изҳори бовар кард, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни Финляндияву Тоҷикистон таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.

Бояд гуфт, ки Финляндия 26-уми феврали соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд.


Дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари Матвиенко ба Душанберо баррасӣ намуданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед