Ru  | Tj
Никол Пашинян: Беамалӣ ба обрӯи СПАД латма ворид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Никол Пашинян: Беамалӣ ба обрӯи СПАД латма ворид кард
Акс: aa.com.tr

Никол Пашинян: Беамалӣ ба обрӯи СПАД латма ворид кард

Нашр шуд

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 23-юми ноябр дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар Ереван, аз муваффақияту нокомиҳои раёсати давраии кишвараш дар ин созмон натиҷагирӣ кард. Никол Пашинян, аз ҷумла аз адами тасмимгирӣ дар мавриди вокуниши СПАД ба амалкарди Озарбойҷон ибрози таассуф кард.

Пашинян гуфт: «Боиси таассуф аст, ки узвияти Арманистон дар СПАД Озарбойҷонро аз амалҳои таҳоҷумӣ боз надошт ва ҳатто бештар аз он, то имрӯз мо натавонистем дар бораи вокуниши СПАД ба таҷовузи Озарбойҷон алайҳи Арманистон тасмимгирӣ кунем».

Ба гуфтаи Пашинян, раёсати Арманистон дар СПАД ба поён мерасад ва ин давра хеле пурҳаводис буд. «Мо 30-юмин солгарди имзои созишномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД-ро таҷлил кардем. Бо вуҷуди солгардҳо, табъи мо, мутаассифона, ба ҳеч ваҷҳ ҷашнӣ нест. Дар ду соли ахир кишвари узви СПАД Арманистон камаш се маротиба аз ҷониби Озарбойҷон мавриди таҷовуз қарор гирифт», - таъкид кард сарвазири Арманистон.

Пашинян дар идома гуфт, ки ин далелҳо ба обрӯи СПАД ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар латмаи бугург ворид кард.

Сарвазири Арманистон дар идомаи суханронии хеш низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро яке аз нокомиҳои аслии раёсати ин кишвар дар СПАД арзёбӣ кард.

Ҳамзамон нахуствазири Арманистон аз иқдомоти муваффақонаи СПАД низ ёдовар шуд. Ба гуфтаи Никол Пашинян, вокуниши сареъи СПАД ба муроҷиати президенти Қазоқистон дар мавриди кумак барои барқарории қонун ва тартибот дар моҳи январи соли ҷорӣ ба Қазоқистон имкон дод, то аз бесрусомонӣ дар дохили кишвар пешгирӣ кунад.

Пашинян дар ин ҷаласа ҳамчунин эълом кард, ки шурӯъ аз аввали соли 2023 ва то се соли дигар ваколатҳои дабири кулли СПАД ба намояндаи Қазоқистон Имангалӣ Тасмағамбетов мегузарад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир вазифаи дабири куллии СПАД-ро намояндаи Русия Станислав Зас иҷро мекунад.

Гуфтанист, СПАД ҳамчун созмони низомӣ-сиёсӣ соли 1992 таъсис ёфта, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед