Ru  | Tj
Нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ рӯзи 30-юми январ оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ рӯзи 30-юми январ оғоз мешавад
Акс: Азия-Плюс

Нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ рӯзи 30-юми январ оғоз мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон аз рӯзи 30-юми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти ҳукумати вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ин кишвар шурӯъ мешавад.

Хабаргузории расмии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки аз рӯзи 30-юми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳукумати вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ин кишвар дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, ки нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 январи соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишастҳои матбуотӣ 30-юми январ оғоз гардида, 17-уми феврал ба охир мерасанд. Таъкид мешавад, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо хабаргузории «Ховар» мувофиқа мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки баргузории муназзами нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2005 оғоз шуд. Он замон бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин дастрасии расонаҳо ба манбаъҳои расмии иттилоот, фармони марбутаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузории нишастҳои матбуотии семоҳа содир шуд.

Аммо моҳи сентябри соли 2011 ба ин фармон тағйирот ворид шуд, ки тибқи он роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз ин баъд танҳо дар шаш моҳ як маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд. Аммо дар ин фармон зикр шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон метавонанд дар дилхоҳ вақт нишастҳои матбуотӣ баргузор кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед