Ru  | Tj
Нишасти сеюми роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нишасти сеюми роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия
Фото: МИД РТ

Нишасти сеюми роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия

Нашр шуд

Рӯзи 15 октябр вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Русия дар нишасти сеюми роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар шакли видеоконфронс ширкат варзиданд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯҳои муҳим дар ҳамаи вохуриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад, ин сафар низ мавриди зикр қарор гирифт дар ҳамоиши фосилавии вазирони корҳои хориҷӣ. 

Имрӯзҳо ки аз сабаби сар задани пандемияи коронавирус муҳоҷирон бо мушкилиҳои зиёде дучор шуданд ва наметавонанд ба шаҳрҳои Руси раванд ё ба ватан баргарданд ин гуфтушунидҳо саривақтӣ буданд.

Ҷонибҳо дар барои фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои минтақа андешиданд ва ба хулосае омаданд, ки ин самтро рушд хоҳанд дод.

Федератсияи Руссия имрӯзҳо парвозҳои мунтазамро бо бисёр кишварҳои минтақа оғоз намуд, танҳо бо Тоҷикистон парвозҳои чартери анҷом ёфта истодаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед