Ru  | Tj
Нишасти видеоии Шурои Амнияти СААД

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нишасти видеоии Шурои Амнияти СААД
Расм: Илья Питалев/ТАСС

Нишасти видеоии Шурои Амнияти СААД

Нашр шуд

Котибони Шӯроҳои Амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мулоқоти видеоӣ масъалаҳои муқовимат бо терроризмро мавриди баррасӣ намуда, чораҳои иловагӣ алайҳи пешгирии вуруди ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ ба кишварҳои СААД андешида шуд, гуфт котиби Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев. 

Дар ин ҷаласа намояндагони Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тавассути пайвасти видеоӣ ширкат карданд.

 "Мо ба ҷонибдории густариши ҳамкорӣ барои пешгирии вуруди ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ ба қаламрави давлатҳои СААД ҳарф задем", - илова намуд Н. Патрушев. 

Инчунин чораҳои иловагӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти салоҳиятдори бахши зиддитеррористӣ таҳия карда шуданд. 

Шӯрои Амният мубориза бо терроризмро дар фазои СААД ҳамаҷониба муҳокима карданд ва безараргардонии фаъолиятҳои террористӣ зери диққати махсус қарор доданд. Котибони Шӯроҳои Амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ алоҳида масъалаҳои барқарорсозӣ, реинтегратсия ва иҷтимоигардонии шаҳрвандоне, ки қурбонии идеологияи террористӣ шудаанд, муҳокима карданд.

Туризм ҳамчун такягоҳи иқтисоди Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед