Ru  | Tj
Низоми бераводид миёни Тоҷикистон ва Эрон амалӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низоми бераводид миёни Тоҷикистон ва Эрон амалӣ мешавад
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Низоми бераводид миёни Тоҷикистон ва Эрон амалӣ мешавад

Нашр шуд

Тавофуҳномаи лағви раводид байни Тоҷикистон ва Эрон, ки замони раёсати марҳум Иброҳим Раисӣ имзо шуда буд, мавриди амал қарор мегирад.

Сафари мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон шурӯъ аз 10 августи соли ҷорӣ бе раводид сурат хоҳад гирифт.

Шуруъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар асоси ин ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди ду кишвар сафар намоянд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки низоми бераводид миёни Тоҷикистон ва Эрон дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Хотиррасон мекунем, ки ёддошти тафоҳуми лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон, моҳи ноябри соли 2023 дар Душанбе зимни сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон имзо шуда буд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахири худ ба Теҳрон, дар дидор бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон таъкид кард, ки Душанбе дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳад дод.

Дар идома ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишварро рӯйдоди муҳим номида, изҳори боварӣ намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва дар умум робитаҳои дуҷонибаи мардумони Тоҷикистон ва Эрон мусоидат хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед