Ru  | Tj
Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон мулоқот кард
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон мулоқот кард

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон Амирҳусайн Замониниё мулоқот намудааст. 

Чӣ гунае, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот рӯзи 5-уми май дар Теҳрон баргузор гардида, ҷонибҳо дар ин дидор омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон ва Эронро ба миён гузоштанд. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки: "Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд".

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо муносибати Тоҷикистон бо кишвари Эрон ранги тоза гирифта, ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, то бо ҳам дар тамоми арсаҳо муносибати хуб дошта бошанд.


Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед