Ru  | Tj
Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Акс: Sputnik

Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд

Нашр шуд

Муносибати Ҷумҳурии исломии Эрон бо Тоҷикистон тақвият дода мешавад. 

2-уми ноябр дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон Амин Ҳусайн Раҳимӣ мулоқот намуд, ки дар бора Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.  

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин, зимни дидор ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар кардаанд.

Барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли сӣ соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад. 

Низомиддин Зоҳидӣ сафари Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯзҳо бо як қатор вазирони кишвари Эрон мулоқот ва доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо гуфтумон анҷом дода истодааст. 


Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион густариш меëбанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед