Ru  | Tj
Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нафти Эрон мулоқот анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нафти Эрон мулоқот анҷом дод
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нафти Эрон мулоқот анҷом дод

Нашр шуд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дирӯз бо Вазири нафти ин кишвар Аҳмад Асадзода дидор намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми вохӯрӣ Зоҳидӣ ва Асадзода масъалаи роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои марбутаи ду давлат дар самтҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатоварро ба баррасӣ кашидаанд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати густариши равобити мутақобила ҳамаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда бояд мавриди истифода қарор гиранд.

Муносибати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи соли 1992 роҳандозӣ гардидааст.

Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳамкориро ба имзо расонидаанд.

Баррасии равобити ҳавоии Тоҷикистону Русия дар онлайн мулоқот


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед