Ru  | Tj
Низомиёни афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба ИМА парвоз карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низомиёни афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба ИМА парвоз карданд
Акс: Fergana agency

Низомиёни афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба ИМА парвоз карданд

Нашр шуд

Гурӯҳе аз шаҳрвандон ва низомиёни Афғонистон пас аз тақрибан се моҳи иқомати иҷборӣ дар Тоҷикистон ба Амрико парвоз карданд. 

Ба маълумоти "Известия", пас аз он, ки ҳаракати "Толибон"* дар Афғонистон қудратро ба даст овард, қисмате аз низомиёни ин кишвар ба мамлакати ҳамсоя фирор намуданд. Дар Тоҷикистон мақомоти маҳаллӣ онҳоро боздошт намуд.

Ба иловаи манбаъ, рӯзи 9-уми ноябр Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Пентагон хабар додааст, ки 191 нафар сокинон ва низомиёни нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки аз Кобул ба Тоҷикистон парвоз карда буданд, ба зудӣ озими ИМА мешаванд.

Моҳи майи соли 2021 вазъият дар Афғонистон, пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ, ки 20 сол дар ин кишвар қарор доштанд, мураккаб гардид. "Толибон" ба забти шаҳрҳои калон пардохтанд ва 15-уми август вориди Кобул шуданд. Раисҷумҳури Афғонистон худи ҳамон рӯз кишварро тарк кард.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо


Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед