Ru  | Tj
Норасоии гази моеъ дар Қазоқистон ба 25% мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Норасоии гази моеъ дар Қазоқистон ба 25% мерасад
Акс: аз манбаъҳои боз

Норасоии гази моеъ дар Қазоқистон ба 25% мерасад

Нашр шуд

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли гази моеъ дар Қазоқистон 1,6 миллион тоннаро ташкил дода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бошад дар ин кишвар 800 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ истеҳсол шуд.

Бо сабаби паст будани нархи гази моеъ, худравҳо дар Қазоқистон ба таври оммавӣ ба ин навъи сӯзишворӣ мегузаранд, ки боиси афзоиши масрафи он мегардад.

Дар ин бора Алмасадам Сатқалиев, вазири энергетикаи Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар изҳор дошт.

Ба гуфтаи Сатқалиев, тибқи омори расмӣ дар соли 2023 дар Қазоқистон 582 ҳазор худрав бо таҷҳизот барои истифодаи гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ин нишондиҳанда назар ба соли пешӣ 91 ҳазор худрав ё худ 18,5 дарсад бештар аст.

Вазири энергетикаи Қазоқистон иддао дорад, ки ин ҳолат ба норасоии ногузири гази моеъ дар ин кишвар овардааст, ки тақрибан 20-25 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Алмасадам Сатқалиев хабар дод, ки давоми солҳои 2026-2030 дар Қазоқистон чаҳор корхонаи коркарди газ ба истифода дода мешаванд.

Вай афзуд, ки ин корхонаҳо дар заминаи кони Қашагон бо иқтидори солона аз 1 ва 2,5 миллиард метри мукааб, кони Қарачағанак бо иқтидори 4 миллиард метри мукааб ва инчунин як корхонаи коркарди газ дар шаҳри Жанаозен бо зарфияти солонаи 900 миллион метри мукааб бунёд мешаванд.

Тибқи омори расмӣ соли 2023 дар Қазоқистон 1,6 миллион тонна гази моеъ  истеҳсол шуда, интизор аст дар соли ҷорӣ низ ҳамин миқдор тавлид шавад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад дар Қазоқистон 800 ҳазор тонна гази моеъ тавлид шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед