Ru  | Tj
Новобаста аз коронавирус. Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Новобаста аз коронавирус. Ҳаҷми содироти маҳсулот аз  Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Акс: B2B.tj

Новобаста аз коронавирус. Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт

Нашр шуд

Дар шаш моҳи имсол ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷ аз марзи 1,2 миллион доллар гузаштааст, ки ин нишондиҳанда дар таърихи муосири кишвар рекордӣ маҳсуб мешавад.

Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти Тоҷикистон рӯзи 2-юми август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ дар шаш моҳ ба 1231,6 миллион доллар баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3% фоиз бештар мебошад.

Бобозода бо баёни ин матлаб афзуд, ки дар ин давра ба хориҷа беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот, 11,9 ҳазор тонна меваи хушк, 7,7 ҳазор тонна меваҷот ва дар маҷмӯъ 106,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 9,7 дарсад бештар аст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бештари маҳсуоти Тоҷикистон ба Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белгия содирот шудаанд.

Бобозода ҳамчунин таъкид дошт, ки барои афзун намудани содирот бояд ба се масъала – ҳавасмандсозии содиркунанда, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва содда кардани тартиби фиристодани мол ба хориҷа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол пеш бо ҳадафи мусоидат ба рушди содирот ва рақобатпазир шудани маҳсулоти ватанӣ дар хориҷ аз кишвар таъсис ёфта буд.

Ин ниҳод моҳи апрели соли равон эълом карда буд, ки бори аввал дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 15-соли охир ҳаҷми содирот аз воридот бештар шудааст. Бояд гуфт, ки то ду соли пеш ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёдтар буд.

Баррасии роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед