Ru  | Tj
Ҷо Байден: “Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид буда наметавонад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷо Байден: “Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид буда наметавонад”
Акс: Интернет

Ҷо Байден: “Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид буда наметавонад”

Нашр шуд

 Ҷо Байден, Президенти Амрико бори дигар аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва гуфт, ки пас аз 20 сол дар Афғонистон роҳи осони раҳоӣ вуҷуд надорад.

Вай гуфт, барои тарки Афғонистон, ки мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифтааст, узрхоҳӣ нахоҳад кард.

"Агар шумо фикр кунед, ки касе метавонад Афғонистонро зери як ҳукумати ягона муттаҳид кунад, дастатонро боло бардоред, то ман фаҳмам ки чанд нафари инҷо бо ин назар ҳастанд" гуфт Байден, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ.

Байден бори дигар таъкид кард, ки сарзамини Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид ва зери як ҳокимият буда наметавонад.

 Бо вуҷуди ин, раиси ҷумҳури Амрико ба қурбониёни замони хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард. Дар ҳоле Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон хориҷ шуд, як бомбгузори маргталаб дар фурӯдгоҳи Кобул тақрибан 200 ғайринизомии афғон ва 13 сарбози амрикоиро кушт.

Президенти ИМА маъмурияти Доналд Трампро дар ин вазъ айбдор кард ва аз амалиёти тахлия дар моҳи август дифоъ намуд. Аммо ба гуфтаи вай, дар сурати хориҷ накардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, бояд нерӯи бештаре эъзом кунад.

Иёлоти Муттаҳида пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон дар авохири моҳи август аз Афғонистон хориҷ шуд. Толибон* рӯзи 15-уми моҳи август Арг - кохи раёсатҷумҳуриро тасарруф карданд ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии таҳти ҳимояти Амрико, кишварро тарк кард.

Ба давлати Байден барои ҳамвор кардани роҳ ба ҳукмронии Толибон ва суқути ҳукумати собиқи Афғонистон интиқод шудааст. Аммо мақомоти Амрико борҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон 


Пентагон: Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дасти Толибон дода намешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед