Ru  | Tj
Қоҳир Расулзода Арманистону Озарбойҷонро даъват кард, то ба сари мизи музокирот нишинанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода Арманистону Озарбойҷонро даъват кард, то ба сари мизи музокирот нишинанд
Акс: Sputnik Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода Арманистону Озарбойҷонро даъват кард, то ба сари мизи музокирот нишинанд

Нашр шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват кард, ки сари мизи музокирот нишинанд.
 
Ба гузориши "Ховар",  Сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии онлайнӣ дар ин ҷаласа тарафҳоро ба муътадилсозии ҳарчи зудтари вазъ дар сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон бо роҳи дипломатӣ даъват намуд.

Расулзода нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз ташаннуҷи нави равобити Арманистон ва Озарбойҷон иброз дошт.
 
Манбаъ меафзояд, Расулзода бо ибрози нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи нави равобити Арманистон ва Озарбойҷон гуфтааст: «Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд».
 
Сарвазири кишвар, инчунин, изҳори итминон кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
 
Шоми дирӯз дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон бо дархости Сарвазири Арманистон ва Раиси давраии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии ин  созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
 
Арманистон шаби 12-уми сентябр эълон намуд, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон кардаанд. Озарбойҷон бошад, дар сар задани низоъ ҷониби Ереванро гунаҳкор дониста, изҳор дошт, ки нахуст низомиёни Арманистон ба мавзеъҳои неруҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.



Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад








Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед