Ru  | Tj
Қоҳир Расулзода бо Александр Лукашенко мулоқот мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода бо Александр Лукашенко мулоқот мекунад
Акс: Интернет

Қоҳир Расулзода бо Александр Лукашенко мулоқот мекунад

Нашр шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои иштирок дар нишасти навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дирӯз озими шаҳри Мински кишвари Белорус шуд.

Нишасти Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ имрӯз дар пойтахти Белорус сурат мегирад, ки дар ин нишаст Қоҳир Расулзода иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки сарвазир ба ҷӯз аз иштирок дар нишаст як қатор вохӯриҳои дуҷониба мегузаронад.

Дар назар аст, ки Қоҳир Расулзодаро дар қатори дигар сарвазирони иттиҳод президенти Белорус Александр Лукашенко ба ҳузур пазирад.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирон доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи иттиҳод табодули назар сурат гирифта, тадбирҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи беҳдоштии қаламрави кишварҳои ИДМ ва муосидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иттиҳод баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин имзо гардидани қарор оид ба ташкили созмони базавӣ дар соҳаи омодагии оперативӣ-стратегии афсарони қувваҳои мусаллаҳ ва тағйироти кадрӣ дар назар аст.



Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавофуқҳои сиёсиро густариш медиҳанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед