Ru  | Tj
Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барои таҳким бахшидани марз бо Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби кӯмаки молиявӣ ва техникӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барои таҳким бахшидани марз бо Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби кӯмаки молиявӣ ва техникӣ шуд
Акс: Интернет

Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барои таҳким бахшидани марз бо Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби кӯмаки молиявӣ ва техникӣ шуд

Нашр шуд

Рӯзи 15-уми март дар шаҳри Вена  вазъи назорати маводи нашъаовар дар  Тоҷикистон дар соли 2021 муаррифӣ карда шуд.

АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ роҳбарон ва ҳайатҳои воломақоми давлатҳои узви СММ, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти мазкур Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода намояндагӣ намудааст.

Ҳангоми муаррифӣ намудани вазъи назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода таъкид доштааст, ки таҳдиди хатарҳои қочоқи маводи нашъаовар, силоҳ, кирдорҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар марз бо Афғонистон ҳанӯз боқӣ мондаанд.

Дар робита ба ин, Воҳидзода аз кишварҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овардааст, ки барои устувор намудани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон мақомоти ваколатдори ҷумҳуриро аз ҷиҳати молӣ ва моддӣ-техникӣ дастгирӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар фарҷоми чорабинӣ масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ доир ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва амалишавии он аз ҷониби масъулини  Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хуб арзёбӣ гардидааст

Едрас мешавем, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) аз соли 1993 то инҷониб дар Тоҷикистон як қатор барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.


ИМА: “Толибон бояд дар саркӯбии ДИИШ ҷиддӣ амал кунанд”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед