Ru  | Tj
Оғози амалиёти «Тамбашавӣ дар роҳҳои мошингард» дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози амалиёти «Тамбашавӣ дар роҳҳои мошингард» дар Душанбе
Акс: аз манбаъҳои боз

Оғози амалиёти «Тамбашавӣ дар роҳҳои мошингард» дар Душанбе

Нашр шуд

Бозрасии давлатии автомобилӣ бо ҳадафи танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон амалиёти махсусро роҳандозӣ кардааст.

Дар Душанбе аз 1 то 10 ноябри соли ҷорӣ амалиёт бо номи шартии «Тамбашавӣ дар роҳҳои автомобилӣ» гузаронида мешавад. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳадафи он пешгирии нақзи қоидаҳои ҳаракат, хусусан ҳангоми исти воситаҳои нақлиёт дар қисми ҳаракати роҳ ва дигар ҷойҳои манъшуда мебошад.

Дар робита ба ин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш намуд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя кунанд, мошинҳоро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод накунанд.

Дар сурати ошкор шудани вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботро риоя намекунанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда, мошин ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда мешавад.

Вайронкунандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (72 сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Аз сӯи дигар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шумораи аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳ, ҷойҳои ноҳамвору фарсудаи роҳҳо, гузаронидани корҳои таъмирӣ ва садамаҳои нақлиётӣ аз сабабҳои дигари тамбашавӣ дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе дониста мешавад.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои мамнуъ яке аз  навъҳои маъмултарини нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Душанбе аст, ки тақрибан сеяки тамоми қоидавайронкуниҳоро  ташкил дода, боиси тамбашавӣ дар роҳҳо мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед