Ru  | Tj
Оғози бунёди панҷ мактаб ва имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ. Ҷузъиёти сафари Путин нашр шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози бунёди панҷ мактаб ва имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ. Ҷузъиёти сафари Путин нашр шуд
Акс: РИА Новости

Оғози бунёди панҷ мактаб ва имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ. Ҷузъиёти сафари Путин нашр шуд

Нашр шуд

Дар сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Душанбе ба сохтмони панҷ мактаби русӣ санги асос гузошта мешавад ва миёни ду кишвар беш аз бист санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 15-уми сентябр барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

Манбаъ афзуд, ки боздиди расмии Путин бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад ва дар ҷараёни он гуфтугӯи хосаи Сарони ду давлат ва музокироти ҳайатҳои васеи ду кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба таври маҷозӣ дар маросими гузоштани санги асос ба сохтмони панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода ширкат меварзанд.

Интизор меравад, ки аз натоиҷи мулоқоти музокироти сатҳи олии ду кишвар Изҳороти муштараки Президентҳо бобати тақвияти муносиботи шарикии стратегӣ ба имзо бирасад.

Владимир Путин ҳамчунин рӯзҳои 16-ум ва 17-уми сентябр дар Душанбе дар саммити Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва нишасти Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок менамояд.

Президенти Федератсияи Русия бори охир моҳи июни соли 2019-ум ба манзури ширкат дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Душанбе омада буд.

Сафари кории шаҳрдори Душанбе ба Москва


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед